Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аҳ, бачча, кай дидастие,
Кай шабчарои нозанин?!

Ваҳ, синамолон мерасем
То синаҳои нозанин!
Бо кандани ҷон мерасем
То синаҳои нозанин!

Кардаст бо рӯмол бор,
Ӯ синаҳои нозанин.
Ку дор гӯям, ҷонаме,
Ӯ синаҳои нозанин.

Дил меканам ай сина, вой,
Ё синаҳои нозанин!
Ҳай ҷони ширин меканам
Ё синаҳои нозанин!

Бозӣ чи кардастем, вой,
Бо синаҳои нозанин!
Бозӣ набудаст, эй Худо,
Во, синаҳои нозанин!

Мардум чи дидастанд? Анор!
Мо – синаҳои нозанин!
Мардум чи медонанд? Анор!
Мо – синаҳои нозанин!

Ё мо сари худ мехӯрем
Ё синаҳои нозанин!
Ё нозанин дил мехӯрем
Ё дилрабои нозанин!

Мардум сари худ мехӯранд,
Мо синаҳои нозанин!
Во, синаҳои нозанин!
Во, синаҳои нозанин!

Он ёр нозанин аст...

Он ёр нозанин аст,
Бисёр нозанин аст.
Сар мекашад зи девор,
Девор нозанин аст.

Садбарг чист? Аз вай
Сад бор нозанин аст.
Хушрӯ гул аст, оҳе,
Бехор нозанин аст.

Гуфтам расида себат,
Ку дор, нозанин аст!
Ду газ бигирам аз себ,
Ту дор, нозанин аст!

Ман зор-зори бӯса,
Гул зор нозанин аст!
Чинам ҳазор лола,
Гулзор нозанин аст!

Девона кард моро,
Ҳушёр нозанин аст!
Аз бӯса чун шавад маст,
Сад бор нозанин аст!

Гаҳ бӯса медиҳад сахт
Душвор нозанин аст!
Бо зӯр бӯсагирӣ
Бисёр нозанин аст!

Аз тарси оча ларзон
Чун дор нозанин аст.
Фарёд кардаш очаш,
Безор нозанин аст.

пешина
аз 162
навбатӣ