Дарахти Ватан

Синай тари тарангаш,
Вай-вай, сари тарангаш
Дандон занам яке, чӣ?
Дандон канам яке, чӣ?!
Нобуду буди дандон,
Буду набуди дандон!
Ту сина бин, чӣ ранг аст,
Ду сина бин, чӣ ранг аст?!
Дидӣ ҳазор сина?
Хоки мазор сина!
Ту синаи чӣ дидӣ?
Ту синаи кӣ дидӣ?!
Ай дида сина дар хоб,
Кай дида сина дар об?!
Эй, дида сина дар хоб,
Бине ду сина дар об!
Ду сина ёб дар об,
Дар об сина дарёб!
Дарёб синарое,
Дар об синарое!
Сарбаста сина хушрӯ,
Тарбаста сина хушрӯ.
Раҳ бар дилаш наёбӣ,
Дар баста сина хушрӯ.
Тар санги сина хушрӯ,
Тарсанги сина хушрӯ.
Якранг тар ду сар санг,
Сарсанги сина хушрӯ.
Гирам сари ду сина,
Мирам сари ду сина.
Гирам бари ду сина,
Мирам бари ду сина.
Сар бар сари ду сина,
Бар сар сари ду сина.
Дил дар бари ду сина,
Дил бар дари ду сина.
Кабки дилам барояд
Бар санги сина хушрӯ.
Кабки дилам сарояд
Дар санги сина хушрӯ.
Кабки дилам дарояд
Дар танги сина хушрӯ.
Кабки дилам сарояд
Дар танги сина хушрӯ.
Дидем синаи санг,
Дидем синаи танг.
Дидем санги сина,
Дидем танги сина.
Хушрӯй санги сина,
Хушрӯй танги сина.
Хушрӯй сангсина,
Хушрӯй тангсина.
Хушрӯ таранг сина,
Хушрӯ тарангсина.
Эй, ранги ӯ надидем
Тангутарангсина.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё