Дарахти Ватан

Дар пеши сина хушрӯ,
Дар неши сина хушрӯ
Бин чакраҳои борон,
Чин чакраҳои борон!
Бин чакраҳои резон,
Бин чакраҳо авезон!
Чин чакраҳои резон,
Ин чакраҳо нарезон!
Ҳай лаб тар аст хушрӯ,
Ҳай! Лаб тар аст хушрӯ!
Ҳай лабтар аст хушрӯ,
Ҳай! Лабтар аст хушрӯ!
Ин лаб тар аст хушрӯ,
Вай лаб тар аст хушрӯ!
Эй, аз ҳазор чашма
Вай лабтар аст хушрӯ!
Рӯи тараш чӣ хушрӯст,
Мӯи тараш чӣ хушрӯст!
Хушрӯст шонаи тар,
Борону донаи тар!
Бин об дар гулӯяш,
Хушрӯ чу оби рӯяш!
Ҷӯ дар гулӯ кашидаст,
Хӯрдем оби ҷӯяш!
Бин об, оби рӯшан,
Ранги шароби рӯшан
Ҳай дар гулӯи хушрӯ!
Май дар гулӯи хушрӯ!
Ин гуна аз гулӯяш,
Аз рӯю обрӯяш
Хӯрдам гулоби ширин
Дар хоб, хоби ширин!
Эй, дида ҳар ду сина,
Эй, дида тар ду сина!
Бин синаро, чӣ ранг аст?
Тангу тари таранг аст!
Эй бачча, мешавӣ ов,
Эй бачча, мешавӣ гов!
Ови дар ов хушрӯ,
Гови дар ов хушрӯ!
Ҳай ов ови хушрӯ,
Ҳай гов гови хушрӯ!
Ин гуна ов куе,
Ин гуна гов куе?!
Не ов ови Кӯлоб,
Не гов гови Кӯлоб!
Ин ов ови Дарбанд,
Ин гов гови Дарбанд!
Ин ов ови дарёст,
Ин гов гови дарёст!
Ин гов ҳай задасте
Дар ов! Кай задасте?!
Хуш он, ки ов гардад
Дар неши сина, вое!
Хуш он, ки гов гардад
Дар пеши сина, вое!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё