Дарахти Ватан

Баста гул доғи ту дар синаи мо,
Пур шуд аз лолаи тар синаи мо.
Синаи мо зи ғамат месӯзад,
Ҳамчу чашми банамат месӯзад.
Хезу фарзанди падар гӯву биё,
Ватану хонаву дар гӯву биё!
Оҳ, дар чашми тари ман бинишин,
Дар дили хунҷигари ман бинишин!
Ватанам гӯ, Ватанам гӯву биё,
Аз ту ман дил наканам гӯву биё!
Бе ту ман дам назанам гӯву биё,
Хоки ту бӯса занам гӯву биё!
Пой медошт Ватан гар, ба Худо,
Пой медошт чу ман гар, ба Худо,
Саду як бор суроғат мерафт,
Бо дили зор суроғат мерафт,
Чашми хунбор суроғат мерафт,
Пои хуншор суроғат мерафт,
Бозпас ё ки туро меовард,
Ё ки тарки ҳамаи мо мекард.
Бе ту бебӯст гули хори Ватан,
Бе ту бемӯст сари кори Ватан.
Бе ту оғӯши Ватан сард шудаст,
Рӯи гулҷӯши Ватан зард шудаст.
Дарду доғу аламат синагудоз,
Рези ашки қаламат синагудоз.
Хез, бархезу биё, бо ту гап аст,
Мон, ки сӯзад, чи касе бо ту чап аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё