Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту биё, даст бидеҳ, даст бигир,
Косаи дил бишикастаст, бигир!
Банд бар косаи бишкаста бизан,
То зи нав нашканад, оҳиста бизан.

Рӯи роҳат нигаронем ҳама,
Бегуноҳат нигаронем ҳама.
Ҳама дар ҳасрати дидори туем,
Хоб агар дар дили бедори туем.

Юсуфи гумшуда, бархезу биё,
Захми гургат ба ҷигар, хезу биё!
Хезу бо чарх биёвез, биё,
Дар лабат шеъри диловез биё!

Ба сари хоки тари додари худ,
Сари хоки падару модари худ
Бинишину ба алам ашк бирез,
Дар кафи худ чу қалам ашк бирез!

Ба Худо, ҷойи ту холист, биё,
Ба Худо, ҷойи ту олист, биё,
Ҷойи ту аз ҳама болост, биё,
Ройи ту аз ҳама болост, биё!

Як Ватан бе ту камем, оҳ, камем,
Ҳама тан бе ту ғамем, оҳ, ғамем!
Ваҳ, дил аз доғи ту оташ гирад,
Маҳфил аз доғи ту оташ гирад!

Он яке кард ҳазор озорат,
Он яке бурд сари бозорат.
Кишани дасти туро, вой, кӣ баст?
Чун Худо банди ду дасташ нашикаст?

пешина
аз 162
навбатӣ