Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хез, бархез, биё, зори туем,
Зор дар ҳар сари бозори туем.
Дигарат мо нафурӯшем, биё,
Ба сарат мо нахурӯшем, биё!

Синаатро нахарошем дигар,
Сояатро натарошем дигар
Ба Худо, аз танаи деворе,
Сояатро надиҳем озоре!

Як ту оинаи безангорӣ,
Беҳ зи сад оинаи деворӣ!
Ту ҳамон Ҷоми Ҷамӣ, Ҷоми Ҷамӣ,
Нест Ҷамшед, ҳамин аст камӣ!

Ту Акбари бегона набудӣ
Ёди Акбари Шариф

Ту Акбари бегона набудӣ,
Бегона дар ин хона набудӣ.
Дар хонаи мо будӣ агар ту,
Ҷуз ханда дар ин хона набудӣ.
Ку хандаву ку шӯхии ширин?
Бо ту ғами субҳона набудӣ.
Ҳай тоҷики бонанг будие,
Мисли ту ба ҳар хона набудӣ.
Эй, сина ҳама қиссаи рангин,
Ту дар ғами афсона набудӣ.
То дасти ту дар шонаи мо буд,
Бишкаста чунин шона набудӣ.
Хунинҷигар аз дарди Ватан, вой,
Во, бе маю паймона набудӣ.
Кардат ғами мардум, ба Худо, об,
Оҳ, Акбари бегона набудӣ!
Фарзанди Ватан – ҳамдилу ҳамтан,
Ҳо, Акбари бегона набудӣ.

пешина
аз 162
навбатӣ