Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Парчами дафтари шеърам сари даст,
Мурғи илҳоми ту шуд кафтари даст.
Кафтари даст чӣ хуш бол занад,
Масти маст аст, чӣ хуш бол занад!

Дар сари даст китобат, эй дӯст,
Таги сар ҳаст китобат, эй дӯст.
Ба китоби ту бихонем намоз
Аз ғаму аз алами синагудоз.

Ҳама доғу ҳама дард аст ҷигар,
Дили худро ҳама хӯрдаст ҷигар.
Ту биё, марсия хон бар сари дӯст,
Ту биё, фотиҳа хон бар дари дӯст.

Ба дари дӯст, бари дӯст биё,
Лахт-лахти ҷигари дӯст, биё.
Ба сари сина бимонӣ сари дӯст,
Об аз дида биронӣ бари дӯст.

Сад хато рафт, Худоҷон, аз мо,
Дил ҷудо рафт, Худоҷон, аз мо.
Дар қиёмат нигарон моро чист?
Дар қиёмат нигарон моро кист?

Алами дафтарат аз даст задем,
Қалами сафдарат аз даст задем.
Ҳар ду дасти ту ба пуштат бастем,
Оҳ, ин дард накуштат, бастем?

Ту бузургӣ, ҳа, маро мебахшӣ,
Ту бузургӣ, ҳамаро мебахшӣ,
На ба турке ҳамаро мебахшӣ,
На ба гурге рамаро мебахшӣ.

пешина
аз 162
навбатӣ