Дарахти Ватан

Он ҷо, ки вазифа мефурӯшанд, чӣ ҷост?
Аз пушти вазифа мехурӯшанд, чарост?
Як тӯда фурӯшанду яке тӯда харанд,
Дар пуштаи хоби мардум осуда чаранд.
Бар хондани баччаам дилам месӯзад,
Оҳ, ин дили ман, қалам-қалам месӯзад.
Бечора чӣ донад, ки чаро мехонад,
Пурсад зи ман очаш, ки чиро мехонад.
Сад ҳайфи ба хуни ҷигарам хондани ман,
Бо дарди дилу дарди сарам хондани ман.
Дипломи таги сари маро зан ба сарам,
То пой намонад зи пайи ман писарам.
Мактаб нарав, эй баччаи ҷон, беҳуда,
Мисли ману модарат нахон беҳуда.
Беҳуда чӣ хонӣ? Ба ту коре нарасад,
Морост зимистону баҳоре нарасад.
Гар аз пайи ман равӣ, ба ҷое нарасӣ,
Бо дасткашии ошное нарасӣ.
Ту аз пайи ман марав дигар, баччаи ҷон,
Ман рафтаам ин роҳ ба сар, баччаи ҷон.
Не қозию не муфтию не шоҳ ситой,
Не пода ситою не чарогоҳ ситой,
Не ҷӯраи бероҳаи гумроҳ ситой,
Бо моҳрухе бишин, рухи моҳ ситой.
Ин роҳ марав, меравад ин роҳ ба Чин,
Чин домани раҳ, доман аз ин роҳ бичин.
Аз пушти араб марав, марав аз пайи турк,
Бо роҳи Худо рав аз пайи марди бузург.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё