Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Донӣ ту, ки дунё гузаронай, бачаме,
Ин ҳоли сагӣ сахт гаронай, бачаме,
Сахтӣ сари мо аз дигаронай, бачаме,
Тахти сари мо аз дигаронай, бачаме.

Дарди падарат сахт гаронай, бачаме,
Дар дастаи хунинҷигаронай, бачаме.
Эй, ҳуши ту дар симбаронай, бачаме,
Шаб ним шуд, очат нигаронай, бачаме.

Дар косаи мо ду макаронай, бачаме,
Ду донаи наск ҳам дар онай, бачаме,
Ту гӯшт нахӯр, аз дигаронай, бачаме,
Ин панд аз он гӯштхӯронай, бачаме.

Дар косаи мо ду макаронай, бачаме,
Як барги пиёз ҳам дар онай, бачаме,
Аз об кӣ моро нигаронай, бачаме?
Ин ҳавз аз ин шиноваронай, бачаме.

Дар косаи мо ду макаронай, бачаме,
Ҳе, гӯшт барои дигаронай, бачаме,
Ту гӯшт нахӯр, шикамдаронай, бачаме,
Ин панд аз он гӯштхӯронай, бачаме.

Гов аст, касе шикамчаронай, бачаме,
Хуш нест, агар шикам гаронай, бачаме,
Кас гӯшт хӯрад, синадаронай, бачаме,
Бар синадарон гунаҳ гаронай, бачаме.

Аз донахӯрӣ ту мешавӣ бедона,
Бедона чӣ дар хонаи мо мехона?!
Бедона шавӣ агар ту аз донахӯрӣ,
Ин села чӣ мешавад зи бедонахӯрӣ?!

пешина
аз 162
навбатӣ