Дарахти Ватан

Аз хона баромадам, ғамам пешопеш,
Бишкаста падар ба гӯшаи хонаи хеш.
Бобои маро, Худо, нигаҳбон бошӣ,
Дар ҷону дилу дидаи гирён бошӣ.
Аз тир тани додари ман сурху кабуд,
Ҳо, синаи Лолагӣ ҳамон гуна набуд.
Дар синаи додарам бимолам рӯро,
Бо нолаи хоҳарам бинолам ӯро.
Он чист, ки аз дур сафедӣ дорад?
Фарёд, сари гӯр сафедӣ дорад.
Во, бар сари гӯри додарам санги сафед,
Кардаст дили маро сияҳ ранги сафед.
Во, санги сафеди сари хоки додар,
Сад войи дилу синаи чоки додар.
Бар мармари гӯри додарам менигарам,
Пешонии шӯри додарам менигарам.
Ин хок шудаст хонаи додари ман,
Намнок шудаст хонаи додари ман.
Во, пояи гӯри додарам бишкаста,
Чун бозуи зӯри додарам бишкаста.
Як сояи беду шонаи додари ман,
Як санги сафеду шонаи додари ман.
Ҷои писараш ба шонаи додари ман,
Дигар набувад нишонаи додари ман.
Дар хоки хунук модари сисолаи ман
Хоб аст, ба гӯшаш нарасад нолаи ман.
Шуд хонаи хоки модарам як ба замин,
Ашки падарам чакид чак-чак ба замин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё