Дарахти Ватан

Эй дӯст, нигар, зи дасти сармо чунем,
Сад пора ҷигар зи дасти сармо хунем.
Ин рӯзи сиёҳро надонанд сарон,
Ин нолаву оҳро надонанд сарон.
Дар хонаи торику хунук меларзем,
Бо шонаи борику тунук меларзем.
Э вой, Худо, шикастагонро бинигар,
Бар шонаи мо нишастагонро бинигар.
Дар хонаи торику хунук ларзонем,
Бо шонаи борику тунук ларзонем.
Дар шишаи тирезаи яхбастаи мо
Сахт аст хунук сурати бишкастаи мо.
Э вой, Худо, шикастагонро бинигар,
Бар шонаи мо нишастагонро бинигар.
Бар шонаи мо нишастагон меболанд,
Парво зи куҷо шикастагон меноланд?!
Рӯзе, ки бишуд гуреза ҳар сӯ мардум,
Аз тиру камону теғ тарсу мардум,
Ман пеши Худои хеш менолидам,
Марҳам зи куҷо ба реш мемолидам?
Раҳгумзадагон дар шаби тори Ватанем,
Чун дар сари ҷар, дар лаби ғори Ватанем.
Аз дасти шабони мо кӣ дуздид чароғ?
Аз дасти шубони мо кӣ дуздид чароғ?
Яктан ҳама не, нимтанонем ҳама,
Бишкаста бари нимта нонем ҳама.
Эй дӯст, нигар чашми тари нимтанон,
Ҳам тантанаҳоро ба сари нимтанон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё