Дарахти Ватан

Сар дар ғами ними нон ба ҳар сӯй задем,
Сар дар ғами ними ҷон ба ҳар сӯй задем.
Дур аз падару модару аз ёр ҷудо,
Каждум бигазидаст ҷудо, мор ҷудо.
Мо сарзадаем аз паси як-ду тавариш,
Бишкаст бариш ниҳоли моро ба тариш.
Эй дӯст, агар ки парвариш медидем,
Ин гуна ба чашми тар муриш медидем?
Моро ҳама мезанаду мо дам назанем,
Одам шуда, чун мушт ба н-одам назанем?
Пеши сагу хар чунин агар дам назанем,
Тарсам, ки якояк ҳама барҳам назанем.
Аз Балху Бухорову Самарқанд магӯ,
Бар канду дилам канду ҷигар канд, магӯ!
Аз сина дилам канду наканд аз инҳо,
Дорад дили ман ҳазор банд аз инҳо!
Мо ҳол надорем, бародар, ҳама сол,
Нодида баҳорем, бародар, ҳама сол.
Бишкаставу афтода канори роҳем,
Мо гум шуда дар чангу ғубори роҳем!
Бо ман макунӣ ҳикоят аз ин шашу даҳ,
Бо ту накунам шикоят аз ин шашу даҳ.
Аз ин шашу даҳ, ҷӯраи ҷон, безорам,
Эй ҷӯраи ҷони ҷони ҷонбезорам!
Бар бодаи мо, дареғ, мерезанд об,
Дору ки бирезанд, ҳамеорад хоб.
Эй дӯст, биё бар сари мову дарёб
Яксар ҳама масти хоб, ку масти шароб?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё