Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чашмам, ки туро дид, даҳан канд маро,
Як бӯса надодие даҳанбанд маро.
Як бӯса даҳанбанд ба мо медодӣ,
Баргашта Самарқанд ба мо медодӣ.

Овози туро шунидаму шод шудам,
Гуфтӣ касалам, беҳушу беёд шудам.
Обе ба рухам заданд, ҳушёр шудам,
Бемор туро дидаму бемор шудам.

Дар синаи ту агар ки дил меҷӯшад,
Дар синаи мо байту ғазал меҷӯшад.
Эй, гар дили ту байту ғазал менӯшид,
Дар синаи ту ширу асал меҷӯшид.

Эй сурати ту дар танаи деворам,
Боз ою нигар бар танаи деворам.
Аз сурати ту пур аст девори дилам,
Хандон туиву тар аст девори дилам.

Ҳар сӯ нигарам, рӯи туро мебинам,
Бо чашми тарам рӯи туро мебинам.
Эй сурати ту дар танаи деворам,
Пур аз алами ту синаи беморам.

Аз ашки алам нишаст девори дилам,
Сар дар бағалам, шикаст бемори дилам.
Девори нишастаро кӣ мебардорад?
Бемори шикастаро кӣ мебардорад?

Мардум пайи кору бори худ саргардон,
Сайёд пайи шикори худ саргардон.
Ман аз пайи киву кӣ равон аз пайи мо?
Дунё ҳама нолаву фиғон аз найи мо.

пешина
аз 162
навбатӣ