Дарахти Ватан

Дар кӯчаи танги деҳ мадеҳ роҳ маро,
Оташ бизан аз алам ба як оҳ маро.
Як оҳ бикаш, ки дар бигирам пешат,
Доғат ба дилу ҷигар бимирам пешат.
Пеши ту гуноҳи ман ҳазор аст, ҳазор,
Савганд, ба пеши рӯ мазор аст, мазор.
Савганд ба бӯсаҳои ту мехӯрдам,
Савганд, ба бӯсаҳои ту мемурдам.
Савганд ба бӯсаҳои ту мехӯраме,
Як бӯсаи ту ба ҷони худ мехараме.
Савганд, ба бӯсаҳои ту мемураме,
Армони туро ба хоки тар мебараме.
Аз кӯча гузаштам, ки маро ҳой задӣ,
Гуфтам, ки зи раҳ назан маро, вой, задӣ.
Аз раҳ задию даст ба дастам додӣ,
Бо бӯса даҳан баста, шикастам додӣ.
Хушнози мано, маро ба нозат куштӣ,
Овехта дар мӯи дарозат куштӣ.
Бо куштаи овехта мегаштӣ маст,
Ҳо, хуни маро рехта мегаштӣ маст.
Рафтӣ ту ба нозу рӯи роҳам куштӣ,
Эй пур зи гунаҳ, чи бегуноҳам куштӣ.
Як чакраи об дар даҳонам бичакон,
Ашке на зи ашки чак-чаконам бичакон.
Оҳ, об ҳамекашидӣ аз хонаи мо,
Кош, об намекашидӣ аз хонаи мо.
Мерафтию меомадие кушта маро,
Гаҳ чашмакие мезадие кушта маро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё