Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

На як ҳезум, на равған, не чароғ аст,
Ҳар он чизе, ки месӯзем, доғ аст.
Тару тева таги борону барфем,
Ба ранги рафта ранги кӯҳна ҳарфем...

Мапурс, эй дӯст, оӣ хонаи ман,
Аз ин як пора ях бар шонаи ман.
Агар дар хонаам ҷои ту холист,
Чароғу оташу ошам хаёлист.

Биёвард ошное як чароғам,
Бигуфто: – мехурӣ, инак, чаро ғам?
Намебинад варо ҳаври даҳан кушт,
Намаксанг аст ях бар тахтаи пушт.

Ҳамин кох аст ҷои картабозӣ,
Зани масташ кунад бе курта бозӣ.
Фитода сар ба сар тарёкиёнанд,
Хурӯсон мурда, дигар мокиёнанд.

Ҳама парвардаи оши наҳорем,
Басе хӯкардаи оши наҳорем.
Ба ҷуз дарди шикам дарде надорем,
Ба ҷуз марди шикам марде надорем.

Табибе теғи худро об дода,
Ба равған мӯйлабро тоб дода,
Яке бемор дорад ранги мурда,
Гуҳар мехоҳад ӯ аз санги гурда.

Аз ин водӣ азизон рахт бастанд,
Гулоб аз дида резон рахт бастанд.
Биё, мо ҳам аз ин водӣ гурезем,
Зи вайронӣ ба ободӣ гурезем.

пешина
аз 162
навбатӣ