Дарахти Ватан

Сарбаландиро намеоранд ёд,
Каф зананд андар ҳавои «Зинда бод!»
Мефитад аз додгӯӣ гурдашон,
Дар қиёмат барнахезад мурдашон.
Оҳ, ин хокзанон
Оҳ, ин хокзанон...
Дар таги пои киён хок зананд?
Хок дар чашми тари мардуми ғамнок зананд!
Оҳ, аз дасти ҳамин хокзанон,
Меравам синаи худ чокзанон!
Оҳ, ин хокзанон хоки азиз
Ҳар куҷое, ки гирифтанд ба даст,
Хок нопок шудаст!
Оҳ, ин хокзанон –
Мисли нопок занон...
Хокашон бод ба сар!
Насиҳат
Як насиҳат бишнав аз ман, эй писар:
Хокзанҳоро бизан санге ба сар!
Сар накун пеши касе хам, эй писар,
Нестӣ, худ аз касе кам, эй писар!
Эй писар, бар қадри сар чун мо бирас,
Пас аз он бар қадри ин дунё бирас!
Сар накун пеши касе зинҳор хам,
Обу нонат хӯр, нахӯр бисёр ғам!
По дар гилему дар гилем
Нест помон чун раисон бар гилем,
Пой аз дасти раисон дар гилем.
Бар гилеманд ин раисон баста дил,
Мардумон дар гил чу мо бишкаста дил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё