Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дасти моро кас намегирад, ки мо
Аз даруни гил бирун орем по.
Меравем охир дар ин гил мо фурӯ,
Бар гилеманд ин раисон, гул ба рӯ!

Ҳаво бисёр вазнин аст

Ҳаво бисёр вазнин аст,
На танҳо дард як ин аст!
Ба ҳар сӯе, ки мебинӣ,
Ҳама расвою чиркин аст!
Дареғи мардуми дарвеш,
Ҳама бечора, мискин аст!
Ҳазорон сина садпора,
Ҳазорон дида ғамгин аст!
Мапурс аз қимати одам,
Дар ин бозор як тин аст!
Ба ин мардум дилам сӯзад,
Чунин дар хок парчин аст!
Яке тарсам зи Туркистон,
Ҳазорон тарсам аз Чин аст!

Набард

Ин пашмлесон,
Ин пашмресон
Аз ишқ лофанд,
Холӣ ғилофанд!

Шамшеру теғе
Ку? Ку? Дареғе!

Ин сӯ набард аст,
Он сӯ набард аст.
Эй кӯзабардаст,
Эй, ку Забардаст?!
Дидӣ, кӣ мард аст,
Марди набард аст?!

Ҳалқа

Дар ҳалқаҳои гӯшат
Кас ҳарза мефурӯшад.
Дар ҳалқа монда бинит
Монанди ҷини чинит.

То баст ҳалқа нофат,
Зад ҳалқа мори офат.
Аз ҳалқа мешикофад
Сад тиру найза хунрез
Аз як нигоҳ нофат.

Дар ҳалқаҳои чашмат
Гунҷишк мефитад зор.
Хуни ҳазор гунҷишк
Хӯрдӣ ҳазорҳо бор!

Шаҳри ман шаҳри ғазал буд

Шаҳри ман шаҳри ғазал буд,
Ошиқи байту ғазал гул дар бағал буд...

Ҳайф, сад ҳайфи ҳамон шаҳри дилоро,
Кӯ ба кӯ чандин маҳал шуд,
Шаҳри доду вою дунёи мағал шуд.

Мардумон бехонумон,
Хонумоне ҳалқа дар гӯш,
Ҳалқабозор аст дар ҷӯш!
Ту ба ҳар сӯе дигар бинӣ
Хонумони ҳалқа дар бинӣ!

Низ дорад ҳалқа ноф,
Бар сари худ ноф ҳам дорад шикоф!

Сайдро дар ҳалқа мегиранд осон,
Сайдҳо дар ҳалқа мемиранд осон!

пешина
аз 162
навбатӣ