Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Афсӯс, ту надидӣ,
Афсӯс, ту надонӣ!

Дар чеҳра рӯшноӣ,
Ҳар чеҳра ошноӣ!
Рӯшан ҳамеша хона,
Рӯшан чу шиша хона!
Эй, дил ҳамеша рӯшан,
Маҳфил ҳамеша рӯшан!
Хуш хотират ҳамеша
Ҳамчун ҳавои беша!

Афсӯс, ту надидӣ,
Афсӯс, ту надонӣ!

Аз оби гарм гап не,
Аз оби сард гап не!
Ин гуна бо азизе
Аз доғу дард гап не!

Афсӯс, ту надидӣ,
Афсӯс, ту надонӣ!

Гап не зи танфурӯшӣ,
Аз марду занфурӯшӣ,
Аз ҳамватанфурӯшӣ,
Ҳам аз ватанфурӯшӣ!

Ҳар гӯша нохушӣ не,
Гап аз кушокушӣ не!

Афсӯс, ту надидӣ,
Афсӯс, ту надонӣ!

Афсона буд чинӣ!
Бо гулрухони мо кай

Ҳамхона буд чинӣ?!
Мегуфт баччам, очам,
Рӯшон, Худо, набинӣ!

Рӯшон, дареғ, дидем,
Дар сина теғ дидем!

Баччам, сухан дароз аст,
Ин дард ҷонгудоз аст!
Ин доғ синасӯз аст,
Ин нола шабфурӯз аст!

Дар сояи чанорон

Ало, эй селаи бесар,
Сари моро нагардонед,
Ғами моро агар донед,
Ба ҳоли хештан моро дигар монед!

Ба найранг обрӯ аз мардуми кӯҳу камар хоҳед,
Шумо чун оби мурда дар камаргоҳед!

Шуморо дар сари кори Ватан дидем,
Вале кай номбардори Ватан дидем?
Ба сад рангу ба сад найранг
Шуморо роҳзан дидем!

Шумо дар чашми мардум хок мепошед,
Намак дар синаҳои чок мепошед!

Намебинед, ин водӣ
Надорад ҷойи ободӣ?

Худоё, ҷуз найи нола,
Ки оташ мезанад бар синаҳо лола,
Аз ин водӣ чӣ мерӯяд?
Дигар сарве ба озодӣ намерӯяд!

пешина
аз 162
навбатӣ