Дарахти Ватан

Дарду доғи дили мо бисёр аст
Вой, доғи дили мо бисёр аст, –
Гул ба боғи дили мо бисёр аст.
Дарду доғу аламу ҳасрату ғам
Дар суроғи дили мо бисёр аст.
Боғу роғи ҳамаро бигрифтӣ,
Боғу роғи дили мо бисёр аст.
Оҳ, куштӣ ту чароғам, сӯзиш
Дар димоғи дили мо бисёр аст.
Хонаат рӯшану торик дилат,
Чилчароғи дили мо бисёр аст!
Бар дӯши мардум
Ҳар ҷой дузду раҳзану ғоратгаре ки буд,
Ҳар ҷо даюсу даллаву ҳар ҷо ғаре ки буд,
Худро ҳаме заданд ба ҷоҳои рӯғанӣ,
Бар дӯши мардумон зада поҳои рӯғанӣ!
Ку шин ту пеш, баччам
Ку шин ту пеш, баччам,
Дил гашт реш, баччам!
Ин сӯ бидеҳ дутора,
Дар нола дил ду пора:
Ин шаҳр нозанин буд,
Ин шаҳр кай чунин буд?
Моро биҳишт ин буд!
Афсӯс, ту надидӣ,
Афсӯс, ту надонӣ!
Дилдода буд мардум,
Озода буд мардум,
Н-афтода буд мардум,
Истода буд мардум
Бар пойи хештан рост,
Он гуна дар сухан рост!
Афсӯс, ту надидӣ,
Афсӯс, ту надонӣ!
«Роҳат» барои мардум,
Роҳат барои мардум!
Мехост ҳар кӣ, мерафт,
Э рост, ҳар кӣ мерафт!
Ҳай хӯрда сер чояш,
Ҳай хӯрда ширчояш
Осуда менишасте,
Кас дил намешикасте!
Афсӯс, ту надидӣ,
Афсӯс, ту надонӣ!
Ҳар сӯй дилситонӣ,
Ҳар сӯй ҷонфишонӣ,
Ҳар ҷой меҳрубонӣ...
Ҳар ҷой меҳмонӣ
Дар чой меҳмонӣ
Мерафтие агар ту,
Мегуфтие, ҷигар ту
Бар аҳли хона будӣ,
Ширин замона будӣ!
Дар мекушод мардум,
Пар мекушод мардум
Дар интизории дӯст,
Бин дӯстдории дӯст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё