Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо як сари мӯ гунаҳ надорем,
Вай дода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Ҳай додани вай чӣ гуна хушрӯст,
Ҳай дода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Эй, бодазанӣ чунин ба мо ёд
Вай дода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Аз чашми сиёҳакаш мае рост
Истода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Дидем яке ду пои хушрӯ,
Афтода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Чашм аз таги по ба сӯйи боло
Бикшода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Боло, ба Худо, чӣ нозанин аст,
Болода задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Ду синаи вай – ду хурмаи май,
Ҳай бода задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Ду по, ба Худо, ду шоха дарёст,
Дарёда задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Дарёи май аст нозанине,
Ҷон дода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!

Мо бода задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Ба Акбари Мирраҷаб

Мо бода задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Пул дода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Пул рафт ҳамаш, кулоҳу ҷома
Мо дода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Садбора гарав шиноснома
Бинҳода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Як пода даромадаст, маст аст,
Дар пода задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Вайрон сари ҳар кадом дидем,
Сарҳода задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Дар пои нигори майкаши маст
Афтода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!

пешина
аз 162
навбатӣ