Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Монанди Гурез, ҷӯра, ку, ку?!
Ба дӯсти азизам Гурез Сафар

Монанди Гурез, ҷӯра, ку, ку?!
Монанди Гурез ҷӯра ку, ку?!
Монанди Гурез одами хуб
Бисёр азиз, ҷӯра, ку, ку?!
Монанди Гурез шоири хуб
Бо хомаи тез, ҷӯра, ку, ку?!
Ку мисли Гурез он, ки гӯяд,
Май рез, бирез, ҷӯра, ку, ку?!
Ку мисли Гурез он, ки гӯяд,
Бардору нахез, ҷӯра, ку, ку?!
Гуфтӣ, ки Гурез кист? Омад,
Эй, ку нагурез, ҷӯра, ку, ку?!
Ку хур накуне мисоли рӯбаҳ
Ин кӯтали тез, ҷӯра, ку, ку?!

Ку ранги Гурез, ҷӯра, май рез!

Ку ранги Гурез, ҷӯра, май рез,
Май рез, бирез, ҷӯра, май рез!
Ту ранги Гурез май нарезӣ,
Ку ранги Гурез, ҷӯра, майрез?!
Аз мо нагурез, мекушемат,
Аз ҷой нахез, ҷӯра, май рез!
Эй, кош Гурези ҷон биёяд,
Гӯям, ки Гурез, ҷӯра, май рез!
Пурсӣ, ки Гурез кист, ҷӯра,
Эй ҷӯра, Гурез ҷӯрамай, рез!

Мо бода задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Ба Забардасти Арҷманд

Мо бода задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Дил дода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!

пешина
аз 162
навбатӣ