Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бишкаста ду дасти душмани хеш,
Баргашта ба гарданаш бубандем.
Бишкаста сару миёни ӯро,
Ду пои варо ба мех бандем.
Бигзор, занад ҳазор фарёд,
Чоки даҳани варо набандем.
Бигзор, зи хештан бинолад,
Дандонаш агар шикаста кандем.
То ин ки бидонад ӯ кӣ ҳастем,
Зинҳор ду чашми ӯ набандем.
Гулдаст чунин куҷост усто?!
Донад, ки чӣ сон шикастабандем.
Хушрӯ манаҳаш чунон шикаста,
Хушрӯ манаҳи шикаста бандем.

Эй он ки ту ошнои моӣ

Эй он, ки ту ошнои моӣ,
Бо душмани мо ту ошноӣ.
Бо душмани мо, ки ошноӣ,
Дигар ту чӣ ошнои моӣ?!
Савганд хӯрӣ, дурӯғ гӯӣ,
Охир, ту чаро ки рӯсиёӣ?!
Дар ойина бин, ки мекунад чун
Ҳар ду бари рӯи ту сиёӣ.
Бар мо манигар дубораи ду,
Дар дидаи мо накун сиёӣ!

Як ош намешавад маошам

Як ош намешавад маошам,
Ҳайфи бачаҳои резу чошам.
Эй, даст намерасад, ки гирам
Дасти бачаҳои резу чошам.
Хо, дар сари чӣ дирам бичошам,
Хо, дар сари кӣ дирам бичошам,

пешина
аз 162
навбатӣ