Дарахти Ватан

Ё дар сари раҳ дирам бичошам,
Ё дар сари шаҳ дирам бичошам?
Усто бузи ланги сартарош аст,
Беоб сараш магам тарошам.
Ӯ сарзада сар чӣ метарошад?
Гирам сари ӯ, на сар тарошам.
Мардум ҳама дар ғами чӣ бошанд?
Ман дар ғами як-ду нола ошам.
Онон, ки хӯранд мурғи бирён,
Хонанд суруди наску мошам.
Мурғанд магар ки баччаҳоям,
Ҳе, дона ба пешашон бичошам.
Бо рӯи сиёҳ он кӣ бошад?
Бо рангаки зард ман кӣ бошам?
Ин шишасиёҳ мошини кист?
Эй кош, дар ӯ нишаста бошам.
Донам, ки даруни он кӣ бошад,
Ӯ низ бидонаде кӣ бошам.
Бар гардани рӯбаҳон занам банд,
Не хокзанам, на хокпошам.
Хуб аст агар кас, эй бародар,
Хоки сари роҳу хоки пошам.
Чун рафтаниям ба кор, эй дӯст,
Хуш несту риш метарошам.
Мардум рухи хеш мехарошанд,
Ман синаи хеш мехарошам.
Сад вою дареғат, эй ҷавонӣ,
Эй риш, туро наметарошам!
Дастак назанӣ, ки мезанемат
Дастак назанӣ, ки мезанемат,
Эй, зинда чу мурғ пар канемат!
Бисёр сарак назан, ки хезем,
Сар дар сари санги раҳ занемат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё