Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо ҳам, ба Худо, раис будем

Мо ҳам, ба Худо, раис будем,
Чун соя сари саис будем.
Бар ҳеҷ касе ситам накардем,
Хубӣ, ба Худо, ки кам накардем.
Кардем ҳамеша меҳрубонӣ,
Мардем, ҳамеша меҳрубоне.
Рафтем, чи сарбаланд рафтем,
Гуфтем, ки сар хӯранд, рафтем.
Рафтему зи сар гирифта коре,
Гул шуд ҳама, боз шуд баҳоре!

Ҳо ҷӯра, бигӯ куҷо равонӣ?

Ҳо ҷӯра, бигӯ куҷо равонӣ,
Эй, хоби ту беҳ, чаро равонӣ?
Охир, ба Худо, ки рост гӯем,
Аз мо, ба Худо, ҷудо равонӣ.
Мо бо ту намеравем ҳаргиз,
Бе мо ту дигар куҷо равонӣ?
Бе мо ту агар ки меравӣ, рав,
Донӣ ту магар куҷо равонӣ?
Аз бодаву бод пур шудастӣ,
Ҳо, сар-сари бодҳо равонӣ.
Бод аз сари хештан раҳо соз,
Эй сарзада, дар ҳаво равонӣ.
Дар бодияӣ ту бодпаймо,
Ҳо бодиярав, куҷо равонӣ?
Охир, ҳама зиндабод марг аст,
Ҳе, аз пайи мурдаҳо равонӣ.
Ту ҷӯра наӣ, киноя гуфтем,
Ноҷӯраи мо, куҷо равонӣ?
Моем чи бенаво нишаста,
Бо нағмаву бо наво равонӣ.
Девонаи шеъри ғам шудастем,
Ту масти таронаҳо равонӣ.

пешина
аз 162
навбатӣ