Дарахти Ватан

Ку дасткашеву сарпарасте?
Ғамхор ба пешу бар надорем.
Бемор шудем сахт, дору
Бар захми дилу ҷигар надорем.
По бар сари мо зананд бисёр,
Мо дасти касе ба сар надорем.
Аз хӯрдани ғам ба ҷон расидем,
Боре ҳаваси шакар надорем.
Ноне, ки, Худои ҷон, кунемаш
Дар оби ду дида тар, надорем.
Аз даст бирафт хонаву дар,
Мо хонаву дар дигар надорем.
Ёрон ҳама рафта аз Ватан, вой,
Мо худ фараи сафар надорем.
Аз теғи бало куҷо гурезем?
Дар синаи худ сипар надорем.
Мо болу пари шикаста дорем,
Уммед зи ҳар ду бар надорем.
Банди камари шикаста дорем,
Мо тиру камон, табар надорем.
Дар гардани кист, эй падарҷон,
Хуни ту? Нагӯ хабар надорем.
Ӯро ба Худои ҷон супурдем,
Мо додрасе дигар надорем.
Хар аз ту ҳазор бор беҳ аст
Хар аз ту ҳазор бор беҳ аст.
Аз ту, ба Худо, ки мор беҳ аст!
Эй, дар дилат аз дуои мардум
Хунрез ҳазор хор беҳ аст!
Эй, зиндагият фиребу найранг.
Марги ту ҳазор бор беҳ аст!
Аз ёру диёр дур мирӣ
Бар чакраи об зор, беҳ аст!
Дар мурдаи ту ба ҷои мардум
Як селаи лошахор беҳ аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё