Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй чашмсиёҳ, мекушиям

Эй чашмсиёҳ, мекушиям,
Бо ними нигоҳ мекушиям.
Ту сурма ба чашм мекашӣ, оҳ,
Ман мекашам оҳ, мекушиям.
Гуфтам бикунам ба сад ҳавас, вой,
Як бор нигоҳ, мекушиям.
Дар як параи сари базебат
Бишкаста кулоҳ, мекушиям.
Бо ноз ба роҳ мебароӣ,
Ваҳ, дар сари роҳ мекушиям.
Гуфтӣ, ки биё канорам имшаб,
Бе ҳеҷ гувоҳ мекушиям.
Гуфтӣ, ки пагаҳ биё, намерам,
Донам, ки пагоҳ мекушиям.
Эй вой, Худо, чӣ нозанинӣ,
Дар оташи оҳ мекушиям.
Худро бикушам агар бароят,
Рӯи ту сиёҳ, мекушиям!

Дар чашми сиёҳи ту бимирам

Дар чашми сиёҳи ту бимирам,
Сармасти нигоҳи ту бимирам.
Мардум ба ҳазор раҳ бимиранд,
Ман дар сари роҳи ту бимирам.
Ду чашми туро гувоҳ гирам,
Дар ҳар ду гувоҳи ту бимирам.
Эй кафшу кулоҳи ту фарангӣ,
Дар кафшу кулоҳи ту бимирам.
Дар по ҷураби сиёҳ хушрӯст,
Дар пои сиёҳи ту бимирам.
Ту оҳ накаш, ки мекушиям,
Эй воҳ, дар оҳи ту бимирам!

пешина
аз 162
навбатӣ