Дарахти Ватан

Санге ба даруни сина дорӣ,
Ҷоми дили мо шикастаниӣ.
Чун сарву санавбарони хушрӯ
Дар боғи дили кӣ рустаниӣ?
Дар дидаи мо ту рустаниӣ,
Дар синаи мо нарустаниӣ.
Гарданкаҷи бӯсае шудастем,
Дар поча сухан набастаниӣ.
Эй, гардани ту баланди хушрӯ,
Ин гардани каҷ шикастаниӣ!
Гуфтам, ки биё, чӣ кор дорӣ?
Гуфтам, ки биё, чӣ кор дорӣ?
Гуфто, ки ба мо чӣ кор дорӣ?
Гуфтам, ки ҳазор кор дорам,
Гуфто, ки биё, чӣ кор дорӣ?
Гуфтам, ки биё, гап аст, гуфто:
Рӯйи ту сиё, чӣ кор дорӣ?
Гуфтам, ба Худо, гапам баҷоист,
Гуфто ба Худо чӣ кор дорӣ?
Гуфтам ҳаваси шикор дорам,
Гуфто, ки чиро шикор дорӣ?
Гуфтам, ки шикори кабки синат,
Гуфто, ки хато шикор дорӣ.
Гуфтам, ки чаро чунин балоӣ?
Гуфто ба бало чӣ кор дорӣ?
Гуфтам ба навозишат маро куш.
Гуфто ба наво чӣ кор дорӣ?
Гуфтам, ки чаро ту мекушиям?!
Гуфто ба чаро чӣ кор дорӣ?
Дидам, ки намешавад, бирафтам,
Омад, ки биё, чӣ кор дорӣ?
Гуфтам, ки сари раҳ аст, гуфто:
Биншин сари по, чӣ кор дорӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё