Дарахти Ватан

Ҳамчун ки ба ноз мебароӣ,
Охир, ту чӣ боз медароӣ?
Бо ноз маро ту мекунӣ маст,
Баргашта ба ноз медароӣ.
Он гуна ба хобҳои ширин
Шабҳои дароз медароӣ.
Эй, дар дилу дидаи хаёлам
Ҳангоми намоз медароӣ.
Эй, кушта маро ба нозу шӯхӣ,
Рӯлахча, ту боз медароӣ!
Аз хона чаро намебароӣ?
Аз хона чаро намебароӣ?!
Як бор баро, намебароӣ?!
Мардум ҳама хуш баромадастанд,
Ҳо бехабаро, намебароӣ?!
Ё менигарӣ зи пушти парда,
Дидӣ ҳамаро, намебароӣ?!
Ман ҳам ба ҳавас баромадастам,
Дидӣ ҳа, маро, намебароӣ?!
Ё ин ки маро надидаӣ ту,
Нодида маро намебароӣ?!
Ё кина ба дил гирифтаӣ ту,
Ҳо, дида маро, намебароӣ?!
Ман кабк будам, ту хирмани гул,
Гуфтӣ ба чаро намебароӣ?!
Дар ин бача мемурем гуфтӣ,
Куштӣ бачаро, намебароӣ?!
Аз хона баромадӣ, азизам
Аз хона баромадӣ, азизам,
Бо мо набаромадӣ, азизам.
Охир, ту бигӯ, чаро ки бо мо
Якҷо набаромадӣ, азизам?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё