Дарахти Ватан

Як бор биё, дигар намонам
Боре ба раҳи дигар гароӣ.
Ман мекушамат, Худо занад ки
Як бори дигар зи дар бароӣ!
Ӯ гуфт биё бигир дастам
Ӯ гуфт биё бигир дастам,
Гуфтам назанам ба шир дастам.
Шав садқаи шири дасти ман гуфт,
Бин, сӯхта дар фатир дастам.
Гуфтам, ки ту кабки масти мастӣ,
Гуфто, ки биё бигир мастам.
Гуфтам ту арӯсакӣ, бигуфт ӯ:
Чун пир шавам, нагир дастам.
Мо пир шудем гуфтам, охир,
Ё пир, бигуфт гир дастам.
Гуфтам, ки ду пои ту бигирам,
Ту гӯй, Худо, бигир дастам.
Гуфто, ки Худо бигира ҷонма,
Ту дону Худо, бигир дастам.
Дасташ бигирифтаму фитодам,
Гуфтам, ки Худо, бигир дастам.
Абрӯсияҳе дилам сияҳ кард
Абрӯсияҳе дилам сияҳ кард,
Бечора дилам магар гунаҳ кард?
Абрӯи сиёҳи нозанинро
Чун банди камар чаро гираҳ кард?
Гуфтам, ки сияҳ накун диламро,
Дубора дили маро сияҳ кард.
Гуфтам, ки бидеҳ ду бӯсаи тар,
Ӯ ваъда ба чору панҷу даҳ кард.
Гуфтам, ки биё, яке бигирам,
Як ханда заду «пагаҳ-пагаҳ» кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё