Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Моем ягона ошиқи зор,
Дорӣ ту гумон зиёд моем.
Олим ҳама шоирон шудастанд,
Як шоири бесавод моем.
Дорад ҳамаро ба ёд мардум,
Як рафта варо зи ёд моем.
Мо шоири ошиқи ғарибем,
Рӯ дар дами барфу бод моем.
Аз шеър агар шакар бихоҳӣ,
Дорандаи он зиёд моем.
Мо зинда ба шеъри дилнишинем,
Бе ҳоҷати «зинда бод!» моем.
Аз шеъри тараш ҳазор гулзор
Онро, ки Худо бидод, моем.
Аз шеъри ҳамеша норасида
Онро, ки Худо надод, моем.
Бедодгарии шоирон бин,
Як шоири дарду дод моем.
Онро, ки ҳамеша хокзанҳо
Гӯянд, Худо, мабод, моем.
Ангуштшумор бин бузургон,
Дигар ту нагӯ зиёд моем.
Боз о ба сари баланд, боз о,
Аз омадани ту шод моем.
Сар монда ба роҳи ту касе ҳаст,
Хокаш ба сар аст бод, моем!

Мо садқаи абрувони борик

Мо садқаи абрувони борик, –
Ду мисраяки равони борик.
Ду сӯй чӣ хуш равон шудастанд
Ду оби равон, равони борик.
Ду соқи баланди кушта моро
Хуш руста аз устухони борик.
Аз дасти сагони ошиқи ту
Мондаст ҳамон ду рони борик.

пешина
аз 162
навбатӣ