Дарахти Ватан

Ҳе, дар лаби ҷӯ нишаста хушрӯ
Ҳе, дар лаби ҷӯ нишаста хушрӯ,
Бо замзама коса шуста хушрӯ.
Хушрӯ лаби нозанин газидӣ,
Эй, коса яке шикаста хушрӯ.
Ин косаи лабшикастаро зан,
Эй, бар сари мо дудаста хушрӯ.
Эй, шохи маро шикан, сарамро
Дар бар ту бигир баста хушрӯ.
Рӯмол ба сар чӣ гуна бастӣ?
Ин гуна касе набаста хушрӯ.
Рӯмол кушо, сари маро банд,
Он гуна ки кас набаста хушрӯ.
Ман бӯса занам лабат, гирифта
Аз банди камар дудаста хушрӯ.
Ҳай маст шавам, барӣ маро ту
То хонаи худ бадаста хушрӯ.
Оҳиста ба бистарам бимонӣ,
Дар бар кашиям дудаста хушрӯ.
Ҳушёр шавам, шавам дубора
Масти майи ту гириста хушрӯ.
Ҳо, дар лаби ҷӯ нишаста хушрӯ
Ҳо, дар лаби ҷӯ нишаста хушрӯ,
Хуш об хӯрӣ дудаста хушрӯ.
Боз об диҳӣ маро ба шӯхӣ
Дар косаи лабшикаста хушрӯ.
Оҳиста яке бигирамат боз
Аз банди камар дудаста хушрӯ.
Ҳе, бӯса занам лабат, чунонки,
Ҳо, мешиканӣ ту писта хушрӯ.
Бо бӯса даҳони ту бибандам,
Армони дилам шикаста хушрӯ.
Ман маст шавам, занӣ маро боз
Дар ду бари рӯ дудаста хушрӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё