Дарахти Ватан

Себи бағали ту норасида
Себи бағали ту норасида,
Хуштар зи ҳазорҳо расида.
Ташвиш накаш, аз он ки ногаҳ
Дар себи ту чашми мо расида.
Бар ту ҳамаро Худо, ки додаст,
Хушрӯ ҳама ҷо ба ҷо расида.
Аз мо накунӣ баҷо ту себат,
Худ пухтаву себ норасида.
Гар себ чунин ба ҳар ниҳолест,
Хуш аст расида-норасида!
Ин себ агарчи норасидаст,
Эй, хӯрдани он фаро расида.
Донӣ, ба Худо, ту беҳтар аз мо,
Дигар ту нагӯ чаро расида?!
Аз мо бигурехт нозанине,
Донӣ ту магар куҷо расида?!
Аз мо нагурезу хуни мо рез,
Аз пушти ду себи норасида!
Моро ту агар кушӣ, гунаҳ нест,
Эй, куштани мо фаро расида.
Аз ду пара, мон, ду газ бигирем
Аз ҳар дуи себи норасида.
Себе ба биҳишт хӯрд бобом,
Дидӣ, ба сараш чиҳо расида?
Моему туву биҳишти боғат,
Навбат, ба Худо, ба мо расида.
Як духтари нозанин маро гуфт:
«Маҳ, ҷӯра, анори мо расида;
Эй маззаи хок дорад, охир,
Ду себи туруши норасида?!
Ҳо бачча, дареғ, мекушандат,
Аз пушти ду себи норасида!»
Гуфтам, ки бимон кушанд моро,
Аз пушти ду себи норасида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё