Дарахти Ватан

Як духтари нозанин чӣ хуш гуфт:
Мо бӯса гарон намефурӯшем.
Ҳарчанд гарон намефурӯшем,
Мо бо дигарон намефурӯшем.
Аз ду бари рӯ бигир бӯса,
Ҳо, бӯса ба ҷон намефурӯшем.
Аз ду бари рон фурӯш гуфтам,
Гуфто, ки аз он намефурӯшем.
Маҳ бӯса аз ин лабони ширин,
Аз нӯги забон намефурӯшем!
Гуфтам, ки ту бӯса ройгон деҳ,
Мо шеъри равон намефурӯшем.
Дар шоири ҷон бимираме гуфт,
Сад бӯса ситон, намефурӯшем!
Абрӯи туро қалам кашидам
Абрӯи туро қалам кашидам,
Пайваста ду сар ба ҳам кашидам.
Ду гӯшаи абруҳои хушрӯ
То гӯшаи чашм хам кашидам.
Чун маст шудам зи чашми мастат,
Дар чашми ту сурма ҳам кашидам.
Бисёр кашидаме ба як чашм,
Дар чашми дигар чӣ кам кашидам.
Мастона хуш аз ду чашми хушрӯ
Ду коса гулоб дам кашидам.
Донӣ ту магар аз интизорӣ
Аз дасти ту сад ситам кашидам?
Мурдам, ба Худову мурдаи худ,
Эй, то лаби гӯр ҳам кашидам.
Бар дӯш кашанд мурда мардум,
Ман мурдама бо шикам кашидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё