Дарахти Ватан

Ҳо, бӯса чӣ нағз медиҳӣ ту,
Сад ҷон бидиҳам, баҳои ӯ нест.
Гул баст зи бӯсаҳо гулӯят,
Моро ҳаваси дигар гулӯ нест.
Оҳ, аз майи бӯсаи ту мастем,
Хуштар зи даҳони ту сабӯ нест.
Овози ту сахт дилнавоз аст,
Аз банди дил аст, аз гулӯ нест.
Дар ту ҳама чизи нозанин аст,
Савганд нахӯр, дигар нагӯ нест.
Аз дасти ту ҳар чие, ки хӯрдем,
Дидем, ки дар касе аз ӯ нест.
Бисёр анор буд ширин,
Аз харбуза ҷойи гуфтугӯ нест!
Мо сайти туро кушода дидем
Мо сайти туро кушода дидем,
Як сӯ ҳамаро ниҳода дидем.
Дидему баҳои панҷ мондем,
Ҳай бар ту Худо чӣ дода, дидем.
Бар ту ҳамаро Худо бидодаст,
Дигар ту нагӯ чӣ дода? Дидем!
Ту як сари мӯ камӣ надорӣ,
Чашми дили худ кушода дидем.
Дидем турову ҳуши мо рафт,
Дунёи туро фитода дидем.
Дидем туро, даҳони мо канд
Дидем туро, даҳони мо канд,
Бо бӯса биё даҳони мо банд.
Ё кушта ба хандаҳои хушрӯ
Бар кандагии даҳони мо ханд.
Ё банди миёни ту кушоем,
Ту даст кушо, миёни мо банд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё