Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй, дар дили ту чиҳост, ҷонам?
Озор диҳӣ ба ҷони мо чанд?!
Ором намон равони моро,
Сарбанд кушо, равони мо банд!
Ҷон меравад аз пайи ту ширин,
Эй, дар сари мӯ ту ҷони мо банд.
Ё бар сари мо нишину серӣ
Бар кандагии даҳони мо ханд.
Шеърат ба даҳони канда гӯем,
Хоҳӣ ту агар, даҳони мо банд.

Ӯ духтари нозанин кӣ бошад?

Ӯ духтари нозанин кӣ бошад?
Ту дону Худо, бубин, кӣ бошад?
Сарҳои тамоми нозанинон
Яксар зада бар замин, кӣ бошад?
Эй ҷӯраи ҷони ҷони ширин,
Рав, аз таги рӯш бин, кӣ бошад.
Не, не, ба Худо, гуноҳ кардем,
Сӯяш нараву набин, кӣ бошад!
Мо рафта ба чашми хеш бинем,
Ӯ духтари нозанин кӣ бошад.
Дар дом занад чунонки, гӯяд:
Сайёди балост, ин кӣ бошад?
Лабро ба лабаш расонда гӯям:
Ҳар ду лабаш ангубин, кӣ бошад?
Ҳай бӯса занам лабаш, ки гӯяд:
Ин баччаи бӯсачин кӣ бошад?
Гӯям, ки ман аз туям, ту аз ман,
Зинҳор нагӯ, ки ин кӣ бошад.
Гӯяд, ки азизи ту шудастам,
Дигар ту нагӯ, ки ин кӣ бошад.
Бигзор, кушад маро дар оғӯш,
Гӯяд ҳама кас, ки ин кӣ бошад.

пешина
аз 162
навбатӣ