Дарахти Ватан

Қандат бизану бигӯ, ки ҷӯра,
Хушрӯ назадӣ, Худо занад ки!
Мо масти туему масти мастем,
Ту масти худӣ, Худо занад ки!
Мо маст фитода, бар сари мо
Ту пой задӣ, Худо занад ки!
Ҳай бӯса задам даҳони ширин,
Ҳе, дам назадӣ, Худо занад, ки!
Ҳушёр шудам агар мани маст,
Ту маст шудӣ, Худо занад ки!
Бар даст задӣ марову гуфтӣ,
Девона шудӣ, Худо занад ки!
Дигар, ба Худо, ба ёди мо нест,
Будӣ, набудӣ, Худо занад ки!
Эй духтари нағз, дар ту гап нест
Эй духтари нағз, дар ту гап нест,
Лабшаккари нағз, дар ту гап нест.
Эй, омада пок чун фаришта
Аз модари нағз, дар ту гап нест.
Эй карда ба шонаҳо парешон
Мӯи сари нағз, дар ту гап нест.
Аз ду бари нағзи нозанинат
Ку як бари нағз? Дар ту гап нест!
Дар пеши барат гирифта хушрӯ
Гулчанбари нағз, дар ту гап нест.
Эй, ҳуши маро бибурда хушрӯ
Пову пари нағз, дар ту гап нест.
Эй, кош, ту бошию ман, эй кош,
Дар бистари нағз, дар ту гап нест.
Хушрӯ набудӣ, ягон чи гуфтем?
Хушрӯ набудӣ, ягон чи гуфтем?
Эй карда бадӣ, ягон чи гуфтем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё