Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зеро дар зину зинтарошӣ ягона чӯби бед лозим меояд, чунки он сабук ва боқувват аст. Танҳо як мушкилӣ дорад, ки тоб мехӯрад. Соҳибмол бояд онро эҳтиёт намояд ва дар ҷойи офтобӣ, каҷу килеб нагузорад. Зини хуб арзиши як гову аспро дорад. Ҳунари зинтарошию зинсозӣ бо илмҳои дақиқ алоқаманд аст. Зинтароши хуб, пеш аз ҳама, бояд аз илми ҳандаса огаҳ бошад.
– Зин аз ҳафт қисм иборат аст. Мо як чӯбро ба мисли дӯзанда ба як зин мубаддал месозем. Агар дарахт соли калон дошта бошад, зин боқувват меояд. Бо вуҷуди оне, ки онро тарошидан хеле мушкил аст. Асп бозӣ мекунад. Агар чӯби зин боқувват набошад, он зиёд тоб намеорад. Шукрона менамоям, ки то ин дам ҳама аз корам розӣ аст ва ягон нафаре зинҳои омодакардаамро барнагардондааст. Маҳсули дастонамро мебинам, ки дар болои он шахсони муътабар нишастаанд, ифтихор мекунам.
Усто Бекмурод дар аёми ҷавонӣ нахустин зинро аз дарахти тут мустақилона омода кард ва ба амакаш туҳфа намуда, дуои кор гирифт. Овозаи зинтарошии ӯ то ҳол деҳа ба деҳа паҳн гашта, аз ноҳия то вилояту ҷумҳурӣ ва ба хориҷи кишвар рафта мерасад.
– Барои зинтарошӣ аслан донистани геометрия ва математика зарур аст. Мо низ нақша мекашем. Қалам дорем.
Ҳунари зинтарошӣ далели он аст, ки гузаштагони мо аз қадим соҳибтамаддуну ҳунарманд буданд. Онҳо нафақат аспро ром ва парвариш мекарданд, балки барои истифодаи бароҳати он афзори мухталиф ихтироъ карданд, ки дар ин миён зин ҷойгоҳи хос дорад ва мувофиқ ба завқи фармоишгар низ сохта мешавад.
Аслан зин барои бузкашӣ аст. Вале барои бор бурдан низ лозим меояд. Зеро мардуми мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Он барои савор кардан ва ҳам барои хурҷин бор кардан аст. Аспи лоғарро зин азият медиҳад. Чи будани зинро аспсаворону човандозон хуб медонанд ва онҳо ба ҳунари устои зинтарош эҳтиром ва арҷ мегузоранд.

пешина
аз 194
навбатӣ