Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳарчанд аз таҳияи барномаи «Хоки Ватан» дар радиои Тоҷикистон беш аз 25 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он ҳанўз дар зеҳни мардуми кишвар, хоса онҳое, ки заҳри ҷанги шаҳрвандӣ ва ғурбатро чашидаанд, боқӣ мондааст. Дарвоқеъ, нақши барномаи «Хоки Ватан» дар муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллати парешонгардидаи тоҷик ва расидан ба ормонҳои миллӣ саҳми муносиб гузоштааст.
ЧИЛ ҲУНАРИ ОМЎЗГОР
Ҳар рӯзе, ки офтоб тулуъ мекунад, аз пушти дарвозаи хонадони ҳунарманди зинсоз Иброҳимзода Бекмурод садои бархӯрди тешаву чӯб ба гӯш мерасад ва ин асбоб дар дастони пурҳунари ӯ як олам розро ифода мекунад.
ҲОЛНОМА: Иброҳимзода Бекмурод 28-уми июли соли 1957 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Фарзанди сеюми хонавода ба ҳисоб меравад. Соли 1974 мактаби зодгоҳашро бомуваффақият хатм намуда, ба факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд.
Собиқаи беш аз 40 соли кор ба ҳайси мурраббӣ ва омӯзгори фанни физика дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимону бепарасторони деҳаи Саричашмаи ноҳияи мазкурро дорад.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Ӯ дар гузашта ба зинтарошӣ майл дошт. Имрӯз ҳам. Дар гӯшаи дигари ҳавлии ин хонадон ҳамсари ӯ саргарми кор аст.
Субҳи зани рустоӣ бо дӯшидани гов оғоз меёбад.
Дар канори деҳ подаро ҷамъ карданд, то ба чарогоҳ бубаранд. Китоби ҳаёт саҳифаи нав кушод. Усто Бегмурод як рӯзи зиндагии худро дубора бо меҳнати ҳалол мепайвандад. Ин ҳунарро дар ҷавонӣ аз худ кардааст. Он замон ба ҳайси омӯзгор ба ноҳияи Файзобод фиристода шуд. Дар вақтҳои холигӣ ба чӯбтарошӣ майл кард ва дилбастаи ҳунар гардид.

  • Ин касбро аз як устое бо номи Муслиҳиддин аз деҳаи “Ҷавонӣ”-и ҷамоати деҳоти Обигарми ноҳияи Файзобод омӯхта, дуои он касро гирифтам. Ҳар соле беш аз 20-то зин месозам.
    Зинтарошӣ кори осон нест. Барои он, ки зини асп шинам ояд, усто аз интихоби чӯб то пӯсти гов ба ҳар нозукӣ диққат медиҳад. Баъзан як чӯбро бисёр метарошам, агар дар охир ду теша бештар тарошида шавад, кори мо барбод меравад. Алҳол дар кӯҳистон чӯби дарахти бед ёфтан мушкил аст. Ҳеҷ кас дарахти бедашро намедиҳад. Ман чӯбҳои бедро аз шаҳри Левакант меорам.
пешина
аз 194
навбатӣ