Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Терроризм - ваҳшигароии қудратҳои як гурӯҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра барои мухолифат бо давлат, гурӯҳ, қудрат ва амсоли ин бо истифода аз таҳдид ва ваҳшоният дар байни мардум ё гурӯҳҳои мавриди назар ё баръакс мебошад. Ҳамчунин баён намудани паёми хушунатомези як гурӯҳ, шахс ва ғайра бо мақсади ҳуқуқҳои азбайнрафтаи худ низ фаҳмида мешавад».
Тамоми ташкилоту муассиса ва сохторҳои давлатиро зарур аст, ки барои пешгирӣ намудани пайвастани ҷавонону сокинон ба созмонҳои террористӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа бештар намоянд.
Имрӯз бештари аъзои гурӯҳҳои террористӣ насли ҷавон мебошанд, барои пешгирӣ намудани ин вабои аср моро зарур аст, ки таваҷҷуҳи ҷавононро ба омӯхтани илму дониш ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир равона созем. Бисёрии ҷавонон имрӯз аз надоштани илму дониш ва касбу кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа сафар намуда, дар он ҷойҳо ба доми аъзои гурӯҳҳои ифротӣ афтида, бо ваъдаи дастрасии маблағҳои калон шомили созмонҳои террористӣ мешаванд. Дар ин роҳ танҳо ҳамкориҳои якҷоя метавонад натиҷа бидиҳад.

пешина
аз 194
навбатӣ