Нигоҳи чашму дил

МАВЛОНОИ БАЛХ – НАМОДЕ АЗ ВАҲДАТИ ХАЛҚҲО
Худшиносиву худогоҳӣ ҳамчун василаи дарки шинохти оламу одам пазируфта шуда, дар ин ҷода шуур, дарк ва ҷаҳонбинӣ нақши асосӣ доранд. Ҳар қадаре, ки мо асли худро шинохтем, ҳамон андоза моҳияти офаринишу рисолати инсонро дарк мекунем. Барои рушду таҳкими донишу ҷаҳонбинӣ, китоб ва дигар сарчашмаҳои иттилоот муҳим мебошанд. Худшиносӣ аз шинохти худи инсон оғоз меёбад. Хушбахтона, ҳоло барои сокинони кишварамон дастрасӣ ба китобу манбаъҳои дигари дониш муҳайё мебошад. Худшиносиву худогоҳӣ аз донистани таъриху тамаддун, забону фарҳанг ва расму оин маншаъ мегирад. Аз ин рў, бо тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати арҷгузорӣ ба осори бузургони илму фарҳанги тоҷику форс таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт симпозиуму конфронс, нишасту чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гашта истодаанд, ки дар худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа замина мегузорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки осори пурҳикмату гаронмояи нобиғагони аҷдодамон қалби мардуми сайёраро тасхир намуда, фарогири тамоми масоили иҷтимоӣ мебошад. Дар ин миён Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз бузургтарин шуарои тоҷику форс, маъруфтарин ориф буда, бо шеъри оламгир ва осори пурмуҳтавою воломақом ҷаҳони илму адабро мусаххар кардааст. Боиси сарафрозист, ки дар асоси таҳқиқоти боарзиши илмӣ ва арқому далелҳои муътамад собит гардид, ки ин абармарди дунёи шеъру сухани воло парвардаи хоку оби водии Вахшонзамин мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки осори мутафаккир дар замони даврони Шуравӣ ҳамаҷониба омўхта намешуд ва барои руҳи ирфонӣ доштанаш ба барномаҳои таълимии зинаҳои гуногуни таҳсилот ворид намегардид. Танҳо дар замони истиқлолият ба афкори ин нобиға ва рўзгори ибратомўзаш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё