Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маҳз бо ташаббусу ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарорномаи Созмони бонуфузи фарҳангию адабии ЮНЕСКО соли 2007 800-солагии асосгузори адабиёти тасаввуфию ирфонӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати бузург дар саросари олам таҷлил гардид. Дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ олимону донишмандон ва пажўҳишгарон аз мамолики Эрону Афғонистон, Покистону Ҳиндустон, Туркия ва дигар манотиқи гуногуни дунё ширкат варзиданд. Мавлоно Ҷалолудини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноби ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷуҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллат ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад.
Яке аз вижагиҳои шеъри ӯ, андешаи ӯ, пиндору гуфтору рафтори ӯ ин, албатта, бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз синну сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби динӣ талқини ваҳдату дӯстӣ ва инсонгароӣ мебошад.
Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд, ки ин аз шуҳрати ҷаҳонӣ ва табиати инсонҳо созгор буданашон дарак медиҳад. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Дарвоқеъ, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудани Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба осори пурмуҳтавояш иртибот дорад. Ҳамин аст, ки аз давраи замони зиндагии адиб рўзгор ва осори Мавлоно диққати ҳамагонро ҷалб намудааст.
“Шинохти Мавлоно ҳамчун ориф, шоир ва инсонгарои ростин аз даврони зиндагии ў оғоз шуда, тадриҷан миқёс ва вусъати ҷаҳонӣ касб кард. Ин шинохт дастовардҳои муҳим ва таърихӣ дорад. Бо он ҳам Мавлавӣ ва осори ў шабеҳи уқёнуси азим бо таркиби ниҳоят васеъ, серпаҳлу, асрорангез ва рамзист, ки шинохти ўро мушкил месозад”.

пешина
аз 194
навбатӣ