Нигоҳи чашму дил

ТАЪСИРПАЗИРИИ БАХТИЁР МУРТАЗО АЗ ОСОРИ
БАДЕИЮ ПУБЛИТСИСТИИ УСТОД АЙНӢ
Аз таваллуди яке аз чеҳраҳои тобноки илму фарҳанг, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, Қаҳрамони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ 146 сол пур шуд. Ин шахсияти таърихӣ бо нигошта ва асарҳои арзишманди худ дар рушди донишу ҷаҳонбинии инсонҳо, боло бурдани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ, мақоми давлатӣ касб намудани забони тоҷикӣ, тарбияи ахлоқиву зебоипарастӣ ва таҳкими ваҳдату дўстии халқҳо нақши хосса дорад. То имрўз аз ҷониби донишмандони дохиливу хориҷии кишвар оид ба зиндагинома ва фаъолияти густардаи илмиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии устод Садриддин Айнӣ таҳқиқоти зиёде анҷом ёфта бошад ҳам, ҳанўз масъалаҳое мавҷуданд, ки ниёз ба омўзиш доранд. Ташкилу гузаронидани симпозиуму конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ дар шинохт ва маърифати ин нобиғаи давр аҳаммияти вижа касб мекунад.
Нақши устод С. Айнӣ дар рушду такомул ва бою ғанӣ гардидани адабиёти бадеӣ ва публитсистикаи тоҷик назаррас аст. Таваҷҷуҳи адиб ба жанрҳои публитсистика, аз қабили лавҳаю очерк, мақолаву нигориш, тақризу мактуб ва фелетону памфлет бесабаб нест, зеро инъикоси рўйдоду падидаҳои воқеӣ дар қолаби ин жанрҳо бештар ба завқи ў мувофиқ будааст.
Пажўҳишгарон ин хусусиятро ба эътибор гирифта, дар муайян намудани нақши устод С. Айнӣ дар инкишофи таъриху тамаддун, илму ҳунар, симоҳо, баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ, жанрҳо ва амсоли ин корҳои муҳим анҷом додаанд. Аз ҷумла дар ин самт пажўҳишҳои муҳаққиқон А. Маниёзов «Публитсистика ва назми устод С. Айнӣ» (1958), Б. Нозимов “Воситаҳои офариниши образҳои типӣ дар повесту романҳои С.
Айнӣ” (1971), Х. Ҳусейнов “Забон ва услуби “Одина”-и устод Айнӣ” (1973), М.С. Имомов “Санъати портретсозӣ дар насри С.
Айнӣ” (1990), “Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ” (2001), “Ҷаҳонбинии С.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё