Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Айнӣ ва поэтикаи насри бадеии ў” (2002), Ш. Раҳмонов “Шеър ва Айнӣ” (1994), А. Саъдуллоев “Таҳаввул ва инкишофи жанрҳои насри мустанади муосири тоҷик” (солҳои 60-80) (1996), М.Б. Муродов “Ташаккули жанри тақризи адабӣ дар матбуоти даврии тоҷики солҳои 1920-1930” (1996) ва ғайраро метавон номбар кард, ки дар шинохту дарки масъалаҳои гуногун аҳаммияти илмию назариявӣ ва амалию роҳнамоӣ касб менамоянд.
Устод С. Айнӣ бо эҷодиёти пурмуҳтавои худ чун асосгузори адабиёти навин ва публитсистикаи тоҷик эътироф шудааст.
Муҳаққиқони соҳа асосан се насли публитсистони муосири тоҷикро аз нигоҳи таърих, мазмуну мундариҷаи осор, хусусият, ҷойгоҳ, муҳити адабӣ ва амсоли ин тақсимбандӣ намудаанд. С.
Айнӣ аз насли аввалини публитсистон ба ҳисоб меравад, ки дар тарбия ва ба камол расонидани дигар адибону публитсистони ҷавон, аз ҷумла С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, А. Деҳотӣ, П. Сулаймонӣ, М. Миршакар, Ф. Муҳаммадиев ва чанде дигарон нақши бузург дорад. Ба ин мазмун профессор Ш.
Раҳмонов қайд намудааст: “Ў шоиру нависандагони ҷавонро падарона ғамхорӣ ва сарварӣ мекард. Ҳар гоҳ ки бо онҳо аз дур ба суҳбат медаромад ё мактуб менавишт, фикрҳои ҷолиби диққат баён менамуд”. Бахтиёр Муртазо бошад ба насли дувуми публитсистон дохил мешавад, ки маҳз омўзишу фаъолияти эҷодии С. Айнӣ дар ташаккули донишу ҷаҳонбинии ў бештар будааст. Худи Б. Муртазо дар мақола ва мусоҳибаҳояш бо журналистон ин масъаларо зикр кардааст. Чунончи: «Асарҳои устод Садриддин Айниро ман дар синфҳои панҷуму шашум мехондам, ба шавқ меомадам, ки худ низ ягон чиз нависам.
Тадриҷан ба моҳияти асари бадеӣ сарфаҳм мерафтагӣ шудам. Бо роҳбарии муаллим Алиқул Девонақулов дар мактаб баъзе саҳначаҳо тайёр мекардем. Ҳамин пайванди хунию маънавӣ, кору робита бо устодони таълим хоҳу нохоҳ дар қад ёзондану шукуфтан ва бор овардани дарахти орзу кумак мерасониданд”.
Волидайни Б. Муртазо барои дар руҳияи маърифатгирӣ, фарҳангдўстӣ, ватандўстӣ, инсонпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба камол расонидани фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин роҳ аз осори гаронбаҳои илму адаби форсу тоҷик, аз ҷумла таълифоти С.

пешина
аз 194
навбатӣ