Нигоҳи чашму дил

Амиқ сар фурў бурдан ба аввалин фидоиёни ҳаёти нав, шоҳроҳи Байкалу Амур (БАМ), сохтмони азими асрҳо, заминҳои бекорхобидаи Бешканду Данғара, пешқадамони меҳнату истеҳсолот мавзуъҳои асосии эҷодиёташ қарор гирифтанд. Вале вай барои зебою рангин гардонидани асарҳояш аз гузаштаи таърихӣ, сохтмонҳои азими ватанӣ чун Вахшу Ҳисор мисолҳо овард, аз қиссаву ривоёт, афсонаю асотир, ки миёни мардуми водӣ васеъ иштиҳор доштанд, кор бурд”. Б. Муртазо ба монанди устод С. Айнӣ ба гузаштаи таърихӣ, урфу одат, сатҳи маърифату зиндагӣ ва амсоли ин назар намуда, мавзуҳоро аз ҳаёти воқеӣ интихоб карда, онҳоро умқан меомўзад, паҳлуҳои муҳимму зарурӣ, муаммоҳои сарбастаро ошкор менамояд, роҳи ҳалли мушкилотро меҷўяд ва нишон медиҳад. Б. Муртазо дар инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳалли мушкилоти зиндагӣ “асосан аз имкониятҳои жанри очерк истифода бурдааст. Ў ҳарчанд дар жанрҳои гуногун: повест, қисса ва амсоли ин асарҳо эҷод намудааст, аммо ҷавҳари асосии эҷодиёти ўро очерку қиссаҳои публитсистӣ ташкил медиҳанд». Устод С. Айнӣ бошад барои ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ натанҳо ба жанри очерк, балки ба жанри мақолаву памфлет низ мутавеҷҷеҳ гаштааст.
Махсусияти жанрии очерк, мақола ва памфлет ба муаллифон имкон додааст, ки симои воқеии қаҳрамонҳои осорашонро дуруст шинохта, меҳнати пурмашаққат, камбудиву нуқсонҳои фардӣ, гурўҳӣ ва амсоли инро тасвир намоянд.
Агар дар маҷмуаи «Эҳёи Бешканд»-и Б. Муртазо фаъолияти самарабахши инсонҳое ба намо оянд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан, кашфи дашту заминҳои водии Бешканд обёрии ин мавзеи ташналаби солҳои зиёд бекорхобида, ташкили муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва амсоли ин ҳисса гузоштаанд, дар мақолаҳои устод С. Айнӣ “Танвири афкор”, “Акнун навбати қалам аст”, “Китобҳои тоҷикӣ”, “Дунёи нав ва алифбои нав”, “Масъалаҳои маориф ва китоб”, “Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ”, “Забони тоҷикӣ”, “Ҷавоби ман” (дар бораи забони тоҷикӣ), “Сарфу наҳви забони тоҷикӣ” масъалаи маорифу мактаб, ҳифзи забони тоҷикӣ, маҳви бесаводӣ ва ғайра, ки саршор аз мушкилиҳои давранд, баррасӣ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё