Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Забони баён ва усули тасвири мавзуъ дар очеркҳои С. Айнӣ диққати Бахтиёри ҷавони эҷодкорро ҷалб менамояд. Ў маҳз бо дастгириву роҳнамоиҳои адиб ва публитсисти варзида Мутеулло Наҷмиддинов ба ин кори ҷиддӣ машғул мешавад. Дар мусоҳибаи ӯ бо журналист Толибшоҳи Сафарзод низ ин нуқта қайд гаштааст: “Устод Мутеулло Наҷмиддинов пайваста таъкид мекард, ки навиштани очеркро бештар машқ кунем, зеро публитсистика дар очерк таҷассум меёбад. Касе, ки навиштани очеркро ёд гирад, бешубҳа, рўзноманигори болаёқат хоҳад шуд”. Публитсистикаи Б. Муртазо бештар дар жанрҳои лавҳа, очерк ва қиссаҳои ҳуҷҷатӣ шакл гирифтааст. Бо имконияти ин жанрҳо публитсист масъалаҳои гуногуни иҷтимоиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар ҳалли қазияҳои гуногун мусоидат кардааст.
Муҳтавои маҷмуаҳои “Боғбони гули кўҳӣ” (1974), «Қасидаи бародарӣ» (1975), “Чинор дар Солони” (1981), “Лимуи тоҷик” (1983), “Ҷўи Навдиз” (1984), “Эҳёи Бешканд” (1986), “Чашмаи офтоб” (1987), “Нуру нори Вахшрўд” (2006) ва “Нақби Истиқлол” (2007)-ро чунин жанрҳои публитсистика ташкил медиҳанд, ки миёни онҳо очерк мавқеи бештар дорад.
Азбаски то имрўз дар бораи асарҳои устод С. Айнӣ, аз ҷумла фаъолияти публитсистии ў, асарҳои алоҳида ба табъ расидаанд, мо ба баррасии баъзе хусусиятҳои публитсистикаи Б.
Муртазо таваҷҷуҳ намуда, аз усули муқоисавӣ кор мегирем. Б.
Муртазо дар навиштаҳояш ба фаъолияти меҳнативу фидокоронаи шахсони дорои касбу кори гуногун, ҳаёти ибратбахши онҳо, тасвири манзараҳои шавқангези табиат, кушодани роҳу сохтмони иншооти замонавӣ, мубориза ба ноадолатиҳои замон таваҷҷуҳ намуда, барои кушодани характери қаҳрамонҳо, инъикоси ҷараёни рўйдодҳо ва хонданбоб гардонидани асарҳояш аз василаҳои гуногуни эҷодиву тасвир истифода намудааст. Тибқи навиштаи профессор Ш. Раҳмонов, “Нависандаи ҳақиқатнигор ба муҳимтарин воқеаву ҳодисаҳои замон бо чашми таърих нигоҳ карда, баҳо дод.

пешина
аз 194
навбатӣ