Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамчунин очеркҳои «Оҳан механдад», «Бағали дарё», «Хориҷиён аз тоҷик меомӯзанд», «Пайрав», «Ҳикмати нодир» ва «Шогирди бародар» низ дар пояи воқеияти иҷтимоӣ эҷод гардидаанд. Таҳлилу баррасии воқеияти иҷтимоӣ ва маҳорати тасвири он дар очеркҳои маҷмуаи «Нурофарин»-и Б. Муртазо моро ба хулосае овард, ки публитсист ба масъалаи мазкур бо диду ҷаҳонбинии фаррох тавонистааст, ки аз унсурҳои ҷолибсозии мавод мақсаднок истифода барад.
ТАСВИРИ КОРНОМАҲОИ ҶАНГОВАРОНИ
ТОҶИК ДАР ОЧЕРКҲОИ БАХТИЁР МУРТАЗО
Ҳар қадар аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо фосилаи замонӣ дур мегардем, ҳамон андоза аҳаммияти иттиҳоду шуҷоати мардуми Иттиҳоди Шуравӣ дар назарҳо қавитар таҷаллӣ мекунад. Барои шинохти сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани ҷанги мазкур ва ғолиб омадани халқи бузурги Шуравӣ аз ҷониби таърихнигорону ҷомеашиносон, адибону публитсистон ва нафарони касбу кори мухталиф мақолаву фишурда ва китобҳои зиёде таълиф гардидаанд, ки бозгўи ҳолатҳои гуногун мебошанд. Тибқи маълумоти баъзе маъхазҳо дар ин ҷанг беш аз 70 кишвари хурду бузург ҳамроҳ гардида, талафоти зиёди ҷониву иқтисодӣ дидаанд, ки таърих то ҳол чунин харобиву мушкилиро дар хотир надорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имсол аз ғалабаи мардуми шарафманду шикастнопазири собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷанги солҳои 1941-1945 79 сол пур мешавад. Барои ғолибият дар ин ҷанги шадиди ҷаҳонӣ, ҳимояи хоки ватани аҷдодӣ ва таъмини зиндагии пурсаодат садҳо ҳазор фарзандони ғаюр, бахусус ҷавонмардони тоҷик ва тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки қаҳрамонии онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромўш намешаванд. Хотираи шикастнопазиру қалби пурмуҳаббати чунин афрод ҳамеша чун тимсоли некиву шуҷоатмандӣ барои насли наврас пеши назар ҷилвагар мешавад. Ин падидаву зуҳурот дар публитсистика ба таври зарурӣ инъикоси худро ёфтаанд. Замони ин ҷанги хонумонсўз ва баъд аз он низ пайваста аз ҷониби аҳли эҷод, хосса нависандагону шоирон, рўзноманигорону публитсистон асарҳои бузургу арзишманди дорои мазмуни баланди ватандўстӣ, филмҳои гуногуни таърихӣ, ки қисматҳои гуногуни ин воқеаи сангинро фарогир, саҳнаҳои театрӣ ва аксу расмҳои чеҳраҳои қаҳрамонҳо ба вуҷуд омаданд, ки дарунмояи онро, пеш аз ҳама, муттаҳидиву меҳнатдўстӣ, дўстиву рафоқати халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ҳимояи Ватан-Модар, бунёдкориву созандагӣ ташкил медиҳанд. Дар публитсистикаи Бахтиёр Муртазо инъикоси Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, таъмини ғалаба, меҳнати софдилона ва ғайра ҷойгоҳи хосса дорад.

пешина
аз 194
навбатӣ