Нигоҳи чашму дил

Ў дар баррасии масъалаи мазкур таҷрибаи ғанӣ дошта, барои муассирии андешаҳояш натанҳо ба далелҳои боэътимоду раднашавандаи таърихӣ, балки суҳбат бо худи иштирокчиёни ҷангу наздикони онҳо такя кардааст, ки дар ҷолибии каломаш мусоидат кардаанд.
Як бахши публитсистикаи Б. Муртазоро очерку қиссаҳое ташкил медиҳанд, ки дар онҳо қаҳрамонии муҳофизони ватан ва меҳнати мардуми ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ инъикос шудааст. «Ду мактуб» (Комсомоли Тоҷикистон, 1963. –
13 май), «Одамшинос» (Комсомоли Тоҷикистон, 1965. – 28 июл), «Калтакдори сурх» (Комсомоли Тоҷикистон, 1974. – 6 ноябр), «Дар шоҳроҳи Ватан» (Садои Шарқ, 1976. – №5), «Ситораи паррон» (Адабиёт ва санъат, 1988. – 18 феврал), «Лашкари тоҷик, бикшо бозуи мардонаро» (Минбари халқ, 2005. – 7 май), «Чашми бедори Ватан» (Минбари халқ, 2006. – 12 июл), «Соҳиби ганҷинаи маърифат» (Ҷумҳурият, 2010. – 10 феврал), «Фарзанди Кофарниҳон» (дар китоби «Шасти зафар». – Душанбе. – 2005) аз ҳамин қабил очерку қиссаҳои ҳуҷҷатии публитсист мебошанд.
Соли 2005 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Шасти зафар», ки маҳсули тафаккури аҳли эҷоди кишварро дар солҳои гуногун дар бар мегирад, чоп шуд. Дар бахши дуюм, ки осори насриро фарогир аст, очерки «Фарзанди Кофарниҳон»-и адиб Б. Муртазо низ дар шумули беҳтарин нигоштаҳои публитсистӣ дохил шудааст. Мавзуи асосии очерки мазкур қаҳрамонии як фарзанди диёри Қубодиён Қодир Бӯбиевро инъикос мекунад. Муаллиф барои пурҷило гардидани симо ва кору амали ҷавонмардонаи қаҳрамон ўро натанҳо дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нишон медиҳад, балки ҷасорату қавииродагии Қ. Бўбиевро дар солҳои 1920-1935 ба риштаи таҳқиқ мегирад. Услуб ва тасвири манзараҳои ҷолиби ҳаёти қаҳрамони очерк ҷолиби диққат буда, аз маҳорати хуби нигорандагии публитсист - чеҳраофарӣ, проблемагузорӣ, тарбияи аҳли ҷомеа ва амсоли он дарак медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё