Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бале, Қаҳрамони Тоҷикистон аст.
Набераи кунҷков бо ҳаяҷон пурсид: – Магар ӯ дар ҷанг қаҳрамон шуд?
– Не, не! – нидо кард бобо. – Осуда бош! Ҳеҷ гоҳ хоҳони ҷанг набуду нест. Баръакс, ба ҷанг хотима бахшид. Шоир беҳуда нагуфтааст: “Ҷавҳари мардӣ чу бошад, ҳоҷати шамшер нест”. Бо ғояҳои олӣ, барои саодати дигарон ҳастии худро нисор мекунад.
Зеро ҷасорати беандоза дорад.
– Ҷасорат аз куҷо пайдо мешавад?
– Ҷасорати ӯ аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирад.
Ватанро аз ҷонаш бештар дӯст медорад. Муҳаббаташ ба Ватан қиёснашаванда аст, ҷони бобо. Ҳамаи мо инро бояд аз ӯ омӯзем.
Набера хушҳол шуд ва ҳисси ифтихор вуҷудашро фаро гирифт”.
Дар оғози қисса овардани гуфтугӯи бобову набера бесабаб нест, зеро публитсист мехоҳад нишон диҳад, ки ниёгони мо ҳамеша ҳодисаву воқеа ва раванду зуҳуроти дар ҷомеа бавуқуъомадаву омада истодаро ҳамаҷониба омӯхтаву таҳлил карда, моҳияти онро ба фарзандону наберагон шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ҳамчунин, ин усули баён дар ҷолибу муассирии навишта мусоидат карда, аз касбият ва илму дониши адиби хушбаён ва публитсисти воқеъгаро дарак медиҳад.
Мутолиаи амиқи қиссаи ҳуҷҷатии “Ҷасорат” ба руҳияи хонанда таъсири мусбат расонида, дар боло рафтани эҳсоси ватандӯстӣ, таҳкиму тавсеаи шуҷоатмандиву далерӣ ва хештаншиносиву худогоҳии миллӣ заминаи мусоид мегузорад.
Публитсист барои нишон додани меҳанпарастӣ, раванди сулҳофарӣ ва масъулиятшиносии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз василаҳои гуногуну ҳодисаҳои сарнавиштсоз бамаврид истифода намудааст. Хусусан, тасвири лаҳзаҳои ҷолиб аз рафти интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бӯсидани Парчами давлатӣ ва пурмуҳтаво сухан намудани Сарвари давлат дар раванди баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ҷолибу муассир баён шудааст.

пешина
аз 194
навбатӣ