Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“Дар он лаҳзаҳои бисёр ҳассосу номуайян тақдири Тоҷикистонро бар дӯш гирифтан ҷасорат ва ҷасурӣ талаб мекард. Бо ифтихор метавон гуфт:
“Эмомалӣ Раҳмон чунин ҷасорату ҷасуриро доро буд!”.
Ин буд, ки бо лаҳни ором вале қатъӣ паёме аз умқи дил ба мардум арз намуд:
– Ман ба шумо сулҳ меорам. То даме, ки як гурезаи тоҷик дар хоки бегона дар ҳиҷрат аст, ман осуда буда наметавонам.
Ин алфози ватандӯстона ва хирадмандона нуре буд, ки зулмотро дарҳам шикасту зиндагиро нумӯи тоза бахшид”.
Муаллиф бо баёни чунин лаҳзаҳои ибратомӯз ва муассир моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ояндаи миллату давлат, ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ, таҳкиму тақвияти сулҳу ваҳдат, садоқат ба Ватан ва мардуми шарифи он бетараф набошем ва дар ин масир пайрав ва идомадиҳандаи сиёсати созандаи Пешвои миллат бошем. “Имрӯзҳо боз ҳама аз ҷасорати абармарди миллат Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезананд. Албатта, ин табиист. Зеро қиссаи ҷасорати Ҷаноби Олӣ охир надорад! Ҷавҳараш, ки меҳру муҳаббат аст, чун “ишқ оғоз дораду анҷом не”.
Мусаллам аст, ки сарчашмаи ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон меҳру муҳаббати Ватан аст. Бале, меҳру муҳаббати Ватан, меҳру муҳаббати Ватан ва боз ҳам меҳру муҳаббати Ватан!”. Сарвари давлат хоҳони тантанаи сулҳу ваҳдат дар олам аст. Барои ҳалли мушкилоти натанҳо мардуми тоҷик ва Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоду ташаббусҳои созанда доранд, ки қобили таваҷҷуҳ ва дастгирӣ мебошанд. Публитсист ҳангоми баррасии масъалаҳои гуногун ҷасорати Сарвари давлатро таҷассум мекунанд, ки қобили зикр мебошад.
Дар аввалҳои моҳи сентябри соли 2016 пеш аз оғози сафари кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ҷиҳати иштирок дар кушодашавии иншооти гуногун як гурӯҳ душманони дохили кишвар, зархаридони хоҷагони берунаи худ, таҳти роҳбарии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боиси ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар гардида, дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ба қонуншиканиву тазоҳурот даст зада, боиси фавти нуҳ нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ гардиданд.

пешина
аз 194
навбатӣ