Нигоҳи чашму дил

Дар баробари дигар адибону публитсистон Шералӣ Мӯсо ба инъикосу баррасии иншооти азими аср машғул гардида, дар ин замина як қатор асарҳои бадеиву публитсистӣ таълиф намудааст, ки қобили омӯзишу арзёбии ҳамаҷониба мебошанд.
Қайд намудан зарур аст, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо роҳнамоиву ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншооти азими аср, ба хусус Неругоҳи барқи обии Роғун дубора шуруъ гардид, ки дар бунёду ба истифода додани ду чархаи он саҳми мутахассисону мардуми ватандӯсти кишвар хеле назаррас мебошад.
Китоби “Достони Роғун”-и Шералӣ Мӯсо аз ҷумлаи асарҳои публитсистие мебошад, ки раванди корҳои сохтмониро дар ин иншооти азими аср ва барои миллати тоҷик муҳимму сарнавиштсоз дар бар мегирад. Ин китоб ҳашт достонро дар бар гирифта, фаъолияти меҳнатии шахсиятҳои гуногунро инъикос мекунад. Достонҳо ва ё силсилаочеркҳо бо ҳам пайванди мантиқӣ дошта, ҳамдигарро пурра мекунанд. Дар достони аввал, ки “Маҳаки номус” унвон дорад, аҳаммияти бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун бо далелҳои мушаххаси илмӣ баён ёфта, публитсист барои ҷолибсозиву муассирӣ аз унсурҳои бадеиву публитсистӣ моҳирона истифода намудааст. Ин достон дар муқоиса ба дигар достонҳо нисбатан васеъ буда, ҳафт қисмат, аз ҷумла “Оғоз”, “Ошёни уқобон”, “Назаре ба таърих”, “Салом, эй Роғун”, “Роғун нури илоҳист”, “Шафоат ва шарофат” ва “Анҷом”-ро дар бар мегирад. Ҳар яке аз ин қисматҳо тасвири воқеии ин иншооти бузурги таърихиву гидроэнергетикиро инъикос мекунанд. Агар дар қисмати “Оғоз” аз дубора шуруъ гардидани Неругоҳи барқии обии Роғун сухан равад, дар “Салом, эй Роғун” ва “Роғун нури илоҳист” раванди сохтмони он бо маҳорати баланди публитсистӣ таҷассум ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё